5 майи соли 2025, меҳмонхонаи “Атлас” шаҳри Душанбе
Санаи 5 майи соли 2025 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи 3 оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (БМР 2026–2030) баргузор гардид. Дар ҷаласа мавзӯи “Мутобиқгардонии бозори меҳнат ба талаботи замони муосир” бо иштироки аъзои гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин шарикони рушд ва ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид.
Ҷаласаи мазкур баррасии афзалиятҳои стратегӣ вобаста ба рушди бозори меҳнат ва шуӯли пурмаҳсулро дар доираи Барномаи миллии рушд барои солҳои 2021–2025 фаро гирифта, дар он масъалаҳои мутобиқгардонии бозори меҳнат ба талаботи замони муосир ва тавсеаи шуғли шоиста дар давраи минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз ҷониби коршиноси миллӣ Уктам Джумаев таҳлили фарогири бозори меҳнат ва таъмини шуғл барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар давоми солҳои татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021–2025 пешниҳод гардид.
Дар чорабинӣ тадбирҳои амалигардида дар самти шуғли пурмаҳсул, пешравиҳо дар ин самт ва ба инобат гирифтани манфиатҳои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, ҳунармандон ва занону духтарон таъкид гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби намояндаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат Собир Аминов вобаста ба масъалаҳои тавсеаи шуғли шоиста дар кишвар бо афзоиши шуғли расмӣ ва маҳсулнокии меҳнат, таъмини музди муносиби меҳнат, фароҳам овардани шароити бехатари корӣ ва ташкили ҷойҳои кории мусоид, такмил додани сиёсати фаъол дар бозори меҳнат, афзоиши маҳсулнокии меҳнат, таъмини мутобиқати таҳсилоти касбӣ ба талаботи бозори меҳнат ва иқтисодиёт пешниҳод гардида, мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Дар раванди муҳокимаҳои ҷаласа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла роҳбари Ассосиатсияи занони соҳибкори “Кадбону” Сабоҳат Раҳимзода оид ба фароҳам овардани шароити меҳнатии муосид барои занон бо назардошти хусусиятҳои равониву физиологӣ, аз байн бурдани фарқият дар музди меҳнати занону мардон, омузонидани занону духтарон ба касбу малакаҳои бозоргир тибқи таҷрибаи пешақадами кишварҳои ҳамсоя, таъмини раванди самараноки пайгирии иҷрои барномаҳои қабулшаванда, мушовирони миллӣ Муминова Фарида оид ба таъмини пайдарҳамӣ ва алоқаманди лоиҳаи Барнома бо Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, таҳлили тадбирҳои нақшаи чорабиниҳои БМР 2021-2025 ва вазъи кунунии бозори меҳнат, таҳияи механизми ҳавасмандгардонии таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ва байналмилалии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Танабе Хидеки оид ба риояи услуби таҳияи лоиҳаи қисматҳои барнома дар асоси назарияи тағйирот, интихоби нишондиҳандаҳои мақсадноки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои арзёбӣ, Нигина Раҷабова коршиноси соҳаи кишоварзӣ оид ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ дар бахши кишоварзӣ тибқи рушди занҷираи арзиши иловашуда, ҷумла, , ташаккули механизмҳо барои рушди шуғл дар соҳаи агросаноатӣ дар минтақаи деҳот, ба инобат гирифтани таъсири равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, динамикаи таносуби гендрӣ дар соҳаҳо, дастгирӣ ва васеъ кардани таҷрибаи омодагии мақсадноки мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва дигар масъалаҳо вобаста ба тавсеаи самти шуғли пурмаҳсул таъкид гардиданд.
Дар баробари ин масъалаҳои муҳиме чун равандҳои муосири рушди бозори меҳнат, рақамикунонӣ, таъсири хатарҳои тағйирёбии иқлим, таъмини манфиатҳои гурӯҳҳои осебпазир ва зарурати муайян намудани нишондиҳандаҳои ҳадафноки мутобиқ ба ҲРУ, мавриди баррасии мушаххас қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа изҳор гардид, ки пешниҳоди иштирокчиён, ки бар таҳкими механизми иҷро, нишондиҳандаҳои мониторинг ва ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд, ҳамчун ҷузъи муҳими такмили муҳтаво ба назар гирифта мешаванд.