2 майи соли 2025 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии сатҳи 3-юм оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 баргузор гардид. Мавзӯи ҷаласа ба “Рушди бахши кишоварзӣ ва таъмини баробарии иҷтимоию гендерӣ” бахшида шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа самтҳои асосии стратегии дастгирии соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таҳкими устувории комплекси агросаноатӣ.
Дар ҷаласа мушовири миллӣ оид ба кишоварзӣ Нигина Радҷабова бо презентатсияи бо мавзӯӣ «Рушди бахши кошоварзи дар доираи БМР-2021-2025 ва афзалиятҳои минбаъдаи он» баромад намуд. Дар суханронии худ ӯ пешниҳодҳо оид ба рушди занҷираҳои арзиши иловашаванда, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аграрӣ ва ташкили ҷойҳои кори устувор дар деҳотро ироа намуд. Ӯ ҳамчунин ба масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сатҳи пасти механиконидашавӣ, норасоии маблағгузорӣ ва рушди нокифояи инфрасохтори деҳот, ки монеаи рушди истеҳсолот ва устувории бахши агросаноатӣ мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни муҳокима зарурати ҳалли мушкилоти дастрасии аҳолии деҳот ба технологияҳои муосир, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва таъмини маблағгузории устувор барои хоҷагиҳои хурду миёна зикр гардид.
Иштирокчиёни ҷаласа таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ, зарурати мутобиқгардонии низомҳои истеҳсолӣ ба хатарҳои экологӣ ва идоракунии устувори захираҳои табииро муҳокима карданд.
Зикр гардид, ки мувофиқати тадбирҳои пешниҳодшуда бо санадҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва дигар барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дорои аҳамияти хоса мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа қайд карда шуд, ки пешниҳоди ироашуда ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани устувории комплекси агросаноатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва густариши шуғли босамар дар соҳаи аграрӣ дар лоиҳаи ниҳоии Барномаи миллии рушд барои солҳои 2026–2030 ба инобат гирифта мешавад.