Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии сатҳи 3 оид ба таҳияи Лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030

7 майи соли 2025 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравии сатҳи 3 оид ба таҳияи Лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (БМР 2026–2030) баргузор гардид. Ҷаласа ба мавзӯи «Саноатикунонии босуръат бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии устувори захираҳои об» бахшида шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Масъули Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳра Мадҷон ифтитоҳ намуда, зарурати гузариш ба рушди саноатӣ бо истифодаи навовариҳо, муосиргардонии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро таъкид кард.

Коршиноси миллӣ Баҳодур Махкамов бо рӯнамо оид ба   «Саноатикунонии босуръат бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ» баромад намуда, самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръатро муаррифӣ кард. Ӯ ба зарурати омодасозии мутахассисон барои бахши саноат, маҳалликунонии истеҳсолот, рушди фаъоли комплекси агросаноатӣ, нақлиёт, энергетика ва саноати коркард таъкид кард. Ҳамзамон, зарурати ҷорӣ кардани ҳалли инноватсионӣ, технологияҳои рақамӣ, автоматикунонии истеҳсолот ва таъмини тавозуни гендерӣ ва иштироки бештари занон дар соҳаи истеҳсолот зикр гардид.

Мушовири миллӣ оид ба идоракунии захираҳои об, Муслиҳиддин Холиқзода, бо рӯнамо оид ба «Идоракунии устувори захираҳои об» баромад намуд. Ӯ ба зарурати муносибати ҳаматарафа дар идоракунии захираҳои об таъкид намуда, дидгоҳи стратегиро оид ба истифодаи устувори захираҳои об бо дарназардошти хатарҳои иқлимӣ, афзоиши талабот ва хусусияти фаромарзии обҳо муаррифӣ кард. Зарурати гузариш ба усулҳои муосири ҳисоби об, тақсим ва нигоҳдории он, ҳамгироии ҳалли инноватсионӣ ва рушди иқтидори институционалӣ таъкид гардид.

Дар ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳои зерин низ муҳокима гардиданд:

- баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар истеҳсолот;

- ҷалби сармоя ба бахшҳои саноатӣ ва инноватсионӣ;

- рушди ҳамкориҳои минтақавӣ;

- муайянсозии механизмҳои дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ ва ҳавасмандгардонии содирот;

- татбиқи низоми баҳодиҳии самаранокии тадбирҳои амалӣ.

Ба масъалаи бозбинӣ намудани рушди саноатӣ бо дарназардошти чолишҳои муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои об, қафомонии технологӣ ва тағйироти демографӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Пешниҳодҳо оид ба тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ дар доираи амалисозии БМР 2026–2030 ироа гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳамаи пешниҳодҳо ва шарҳҳои ироашуда ҷамъбаст ва дар такмили қисматҳои Барнома ба инобат гирифта мешаванд. Иштирокчиён омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати таҳияи ҳалли устувор дар бахшҳои рушди саноатӣ ва амнияти об таъкид карданд.