Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи 3 оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030

   Санаи 12 майи соли 2025 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи 3 оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (БМР 2026–2030) баргузор гардид. Ҷаласа ба мавзӯи «Рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми мониторинг ва арзёбӣ» бахшида шуда, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳои таҳлилӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вазъи кунунии рақамикунонӣ дар мамлакат, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои афзалиятноки рушд дар самти хизматрасониҳои электронии давлатӣ, инфрасохтори рақамӣ ва низоми мониторинг ва арзёбии иҷрои барномаҳои давлатӣ муҳокима гардиданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба мубодилаи байниидоравии додаҳо, амнияти киберӣ, фарогирии рақамӣ ва истифодаи ҳалли платформавӣ баррасӣ шуданд.

Коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои таҳлили пешакии сатҳи рақамикунонӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ тавассути шабакаҳои электронӣ ва таҷрибаи амалии вазорату идораҳоро муаррифӣ намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён таҷрибаи татбиқи қарорҳои рақамӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф шарҳ дода шуд.

Дар ҷараёни муҳокимаҳо инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва тақвияти зарфиятҳои миллӣ дар самти рақамикунонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Пешниҳодҳо ва натиҷаҳои муҳокимаҳо, ки аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардиданд, дар таҳияи қисмати лоиҳавии Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ба инобат гирифта шуда, ба ташаккули як экосистемаи рақамии устувору фарогир, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат мекунад, нигаронида хоҳанд шуд.