22 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ баргузор гардид, ки ба баррасии имкониятҳо ва маҳдудиятҳо дар самти таъмини шуғли маъюбон бахшида шуд. Чорабинӣ дар доираи таҳияи лоиҳаи Барномаи стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (БСР 2026–2030) баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои марбута, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро Ҳамоҳангсози Котиботи шӯрои миллии рушд ифтитоҳ намуда, ба зарурати дар барномаи миллии рушд дарҷ намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, хусусан таъмини шуғли маъюбон, таъкид кард. Қайд гардид, ки фароҳам овардани шароити баробар барои дастрасӣ ба шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ яке аз ҷузъҳои муҳими рушди устувор ва фарогир ба ҳисоб меравад.
Бо маърӯзаи асосӣ оид ба натиҷаҳои тадқиқоти мазкур коршинос Фарида Муминова баромад намуда, хулосаҳои калидӣ ва монеаҳои мавҷударо, ки маъюбон дар ҷустуҷӯи шуғл рӯ ба рӯ мешаванд, муаррифӣ намуд. Ҳамзамон пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт ва роҳҳои ворид намудани онҳо ба бахшҳои дахлдори лоиҳаи БСР 2026–2030 ироа гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа, лоиҳаи қисми марбут ба рушди сармояи инсонӣ, ки масъалаҳои шуғли арзанда ва ҳифзи иҷтимоиро фаро мегирад, низ муаррифӣ ва баррасӣ шуд. Иштирокчиён доир ба нишондиҳандаҳои мониторинг, натиҷаҳои интизории татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва такмили сохтору муҳтавои бахши зикршуда пешниҳодҳо ироа намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушд аз иштирокчиён барои фаъолияти босамар изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ҳамаи пешниҳодҳои ироагардида дар марҳилаи минбаъдаи таҳияи лоиҳаи БМР 2026–2030 ба инобат гирифта мешаванд. Қадамҳои минбаъда, аз ҷумла баргузории машваратҳо ва мувофиқаҳои байниидоравӣ низ муайян карда шуданд.