Вобаста ба ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи Миллии Рушд 2021 – 2025  

   25 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа, Нуриддинзода А. муҳимияти риояи муҳлат ва ҳамоҳангсозии фаъолро дар таҳияи қисмҳои гуногуни Барномаи миллӣ таъкид намуд.

Сипас, аз ҷониби Мадҷон Манучеҳра Мирзоалӣ – сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯнамо оид ба ҷадвали муҳлати таҳияи қисмҳои дахлдори Барномаи миллии рушд пешниҳод гардид. Дар он марҳилаҳои асосии кор ва ҷадвали баргузории ҷаласаҳои минбаъда ҷиҳати таҳияи муҳтавои барнома муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, Халифаев Манучеҳр – сардори Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои об, рӯнамо оид ба қисмати "Сарфаҷӯии энергетикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия" ироа намуд. Дар он таваҷҷуҳ ба афзалиятҳои истифодаи манбаъҳои тоза, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди «сабз» зоҳир гардид.

Қисми муҳими ҷаласа ба муҳокимаи ҷадвали кор ва муҳтавои қисмати мазкур бахшида шуд. Иштирокчиён пешниҳодҳои муфид ҷиҳати такмили муҳтавои самти марбут ва тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баён намуданд.

Дар анҷом, қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи ҷадвали кор ва таҳияи қисмҳои зикршудаи Барномаи миллии рушд муайян гардида, ба иштирокчиён барои саҳмгузории фаъол изҳори сипос карда шуд.

 

Замимаҳо: