18 августи соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии №14 оид ба “Маблағгузории СМР 2030 ва ҲРУ” дар доираи фаъолияти Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо дастгирии Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд (ACTED) баргузор шуд.
Мавзӯи асосии ҷаласа муаррифии натиҷаҳои арзёбии Индекси платформаҳои иштирок буд — абзоре, ки сатҳи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандиро дар платформаҳои муколамаи назди Гурӯҳҳои кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд баҳогузорӣ мекунад.
Дар ҷаласа аъзои гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро Мадҷон Манучеҳра Мирзоалӣ, ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ироа намуд. Ӯ муҳимияти таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд миёни сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ ва таҳлилӣ таъкид кард.
Бо гузориши худ коршиноси калони ACTED Уктам Ҷумаев баромад намуда, методология, нишондиҳандаҳои калидӣ ва хулосаҳои Индекси платформаҳои иштирокро муаррифӣ намуд. Мувофиқи таҳқиқот, сатҳи иштироки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти ГКБ ба 84,8 хол аз 100 расидааст, ки ба сатҳи «хеле инкишофёфта» мувофиқат мекунад.
Дар муқоиса бо соли 2023 пешрафти назаррас мушоҳида мешавад:
- иштироки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар банақшагирӣ, татбиқ ва мониторинг аз 5,8 то 78,6 хол афзоиш ёфт, ки ин аз гузариши иштирок аз сатҳи эъломӣ ба сатҳи воқеӣ ва натиҷавӣ шаҳодат медиҳад;
- фаъолнокии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи рӯзномаҳо зиёда аз ду маротиба афзуда, ба 85,6 хол расид;
- шумораи пешниҳодҳои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ беш аз 30 маротиба зиёд шуда, сатҳи баррасии онҳо аз ҷониби гуруҳи кории байниидоравӣ ба 73,9 хол расидааст, ки ин аз ташаккули муколамаи созандаи давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳодат медиҳад.
Таҳлил нишон дод, ки сатҳи шаффофияти институтсионалӣ ва заминаи ҳуқуқии иштироки ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ устуворона тақвият меёбад. Бо вуҷуди ин, барои баъзе гурӯҳҳои корӣ зарурати такмили фаъолият вуҷуд дорад — хусусан дар самти нашри нақшаи ҷаласаҳо, протоколҳо ва таъмини сатҳи баробарии ҷалб дар ҳамаи самтҳо.
Тавсияҳо иборатанд аз:
- таҳия ва татбиқи стандарти иштироки ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар гуруҳҳои кории байниидоравӣ;
- омода кардани нақшаҳои инфиродии ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ барои гурӯҳҳои кории байниидоравӣ, ки натиҷаҳои пасттар доранд;
- баланд бардоштани сатҳи зерҳисобият тавассути густариши платформаҳои онлайн барои нашри ҳуҷҷатҳо ва дарёфти фикру мулоҳизаҳо;
- ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати такмили малакаҳои таҳлилӣ ва мониторинг.
Мадҷон Мануҷеҳра муҳимияти платформаи муколамаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва иштироки фаъоли созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин раванд таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун котиботи Шӯро ҳамаҷониба ҷалби ҷонибҳои дахлдорро ба раванди таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ташвиқ менамояд. Аз ҷумла созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд фаъолона дар таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021–2025, Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, ки боби алоҳидаи он оид ба ҳуқуқи инсон бо тавсияҳои ҳамаҷониба аз ҷониби созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст, инчунин лоиҳаи ПСР 2026–2030 ва дигар санадҳои банақшагирии стратегӣ ҷалб карда шудааст. Тавсияҳои таҳияшуда дар доираи арзёбии Платформаи иштирок ҳатман ба инобат гирифта шуда, Котибот ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушдро барои татбиқи онҳо ба роҳ монда, руйхати аъзоёни Гурӯҳи кориро дар таҳрири нав пешниҳод намояд.
Индекси платформаҳои иштирок ба яке аз абзорҳои муҳими баҳодиҳии самаранокии ҳамкории давлат ва ҷомеа дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021–2025 ва Ҳадафҳои рушди устувор табдил меёбад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба сомонаи www.developmentcouncil.tj ва ё бо телефони 2216408 муроҷиат намоед.