20 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои арзёбии раванди татбиқи Барномаи ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023–2026 мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд.
Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисон – Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷаноби Нуриддинзода А.Н. ва Роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, хонум Кристине Товмасян, ки ҳамзамон Раиси Кумитаи роҳбарикунандаи арзёбӣ ва Гурӯҳи идоракунии барномаҳо мебошад, баргузор гардид.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷаноби Нуриддинзода А.Н. иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аҳамияти арзёбии фосилавиро барои таҳияи барномаи нави ҳамкорӣ таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки натиҷаҳои арзёбӣ барои Ҳукумат ва шарикони рушд имконият фароҳам меоранд, то дастовардҳо, мушкилот ва таҷрибаи андӯхтаро таҳлил карда, ҳадафҳои минбаъдаро дақиқ намоянд.
Сухани ифтитоҳиро ҳамраиси дигар — хонум Кристине Товмасян — баён карда, арзёбиро қадами муҳим дар таҳкими шарикии Ҳукумат ва СММ номид. Ба гуфтаи ӯ, Барномаи ҳамкорӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, бо Стратегияи миллии рушд то соли 2030, Барномаи миёнамӯҳлати рушд 2021–2025 ва Ҳадафҳои рушди устувор пурра ҳамоҳанг мебошад.
Ҳисоботи арзёбӣ аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Томислав Новович, Роҳбари Гурӯҳи арзёбӣ, муаррифӣ гардид. Дар гузориш сатҳи мутобиқати ҳадафҳои Барномаи ҳамкорӣ бо ҳадафҳои миллӣ ва байналмилалӣ, саҳми ниҳодҳои кишварии СММ дар татбиқи барнома, инчунин самаранокӣ ва натиҷабахшии фаъолият баҳогузорӣ шуд.
Коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ дар гузориш таъкид намуданд, ки Барномаи ҳамкорӣ ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат карда, дар бахшҳои ҳифзи муҳити зист, савдои беруна, таъмини волоияти қонун ва сармояи инсонӣ дастовардҳои назаррас доштааст.
Иштирокчиёни ҷаласа — намояндагони вазорату идораҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ — андешаҳои худро оид ба натиҷаҳои арзёбӣ баён намуда, пешниҳодҳои мушаххас барои таҳкими ҳамкорӣ ироа карданд.
Хонум Кристине Товмасян дар идомаи суханронии худ ба вокуниши роҳбарияти ниҳодҳои СММ ба ҳисоботи арзёбӣ ишора намуда, изҳор дошт, ки бо вуҷуди мушкилоти маблағгузорӣ, ҳамкории муштарак натиҷаҳои намоён ба бор овардааст.
Дар анҷом бо ҳамовозии иштирокчиён:
натиҷаҳои арзёбии Барномаи ҳамкорӣ тасдиқ гардиданд;
вокуниши роҳбарияти ниҳодҳои СММ ба ҳисоботи арзёбӣ қабул шуд;
зарурати ҷалби бештари сармоягузорӣ, беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти сармояи инсонӣ таъкид гардид.
Ҷаноби Нуриддинзода ва хонум Кристине Товмасян дар суханони ҷамъбастии худ бо итминон изҳор намуданд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикони рушд ба ҳадафҳои стратегии худ ноил хоҳад шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи шарикони рушд барои дастгирии пайваста ва ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ намуд.
