Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии №2 “Раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ” – и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мафҳуми Фонди роҳ, вазифа ва аҳамияти он дар Ҷумҳурии Тоҷики

   Санаи 11 сентябри соли 2025 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии №2 дар мавзӯи «Мафҳуми Фонди роҳ, вазифа ва аҳамияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид ва бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои татбиқкунанда, бахши хусусӣ ва коршиносони ватаниву хориҷӣ сурат гирифт.

Ҷаласаро Муҳаббат Маликова, намояндаи Котиботи Шӯрои миллии рушд, ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти стратегӣ ва зарурати ташкили Фонди роҳ ҳамчун воситаи молиявии устувору мақсаднок барои нигоҳдории шабакаи роҳҳо ва рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар суханронӣ намуд.

Дар суханронии ифтитоҳӣ таъкид шуд, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ, бахусус роҳҳои автомобилгард, дар шароити Тоҷикистон на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи муҳими амнияти стратегӣ, тавсеаи савдои дохилию хориҷӣ ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақлиёт яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои расидан ба мақоми транзитӣ ва фароҳам овардани пайвастагиҳои минтақавӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Сипас, Парвиз Шокиров, сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёт, бо муаррифии васеъ дар мавзӯи “Мафҳуми Фонди роҳ, вазифа ва аҳамияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.

Зикр гардид, ки Фонди роҳ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 311 аз 29 майи соли 2025 таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он фароҳам овардани як низоми устувор ва шаффофи молиявӣ барои маблағгузории нигоҳдорӣ, таъмир ва тавсеаи шабакаи роҳҳои кишвар мебошад.

Тибқи қарори мазкур:

  • Тартиби ташаккул ва истифодаи Фонд муқаррар гардидааст;
  • Шӯрои Фонди роҳ таъсис ёфтааст, ки ҳайати он аз намояндагони мақомоти давлатӣ иборат буда, роҳбарии онро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дорад;
  • Вазири нақлиёт муовини раиси Шӯро, ва намояндагони дигари сатҳи муовини якум ва муовини вазир аз Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор узвият доранд.

Қайд намудан зарур аст, ки ҷаласаи имрӯза бо ширкати коршиносони сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла:

  • Ҷаноби Эбби Адҳами, роҳбари гурӯҳи коршиносони байналмилалии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD);
  • Ҷаноби Кейт Кониш, коршиноси байналмилалӣ оид ба фонди роҳ;
  • Ҷаноби Ҷимм Бритэн, коршиноси байналмилалӣ оид ба нигоҳдории роҳҳо,

баргузор гардида, коршиносон таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар самти истифодаи механизмҳои фонди роҳ, таъмини шаффофият ва идоракунии устувори молиявӣ ироа намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, нуқтаҳои зеринро ҳамчун тавсия ва роҳнамо барои самти минбаъдаи кор таъкид намуд:

  1. Зарурати таҳкими заминаи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти Фонди роҳ;
  2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута барои истифодаи самараноки манбаи молиявӣ;
  3. Татбиқи таҷрибаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба таъмини устувории молиявии нигоҳдории роҳҳо;
  4. Рақамикунонии тамоми дороиҳои инфрасохторӣ барои беҳтарсозии банақшагирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
  5. Ташаккули равобити мутақобилан судманд бо бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалии рушд;
  6. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи иқтидори бозорҳои молиявӣ бо роҳи саҳмгузории мустақим ё шарикии давлатӣ ва хусусӣ.

Дар охир таъкид гардид, ки Фонди роҳ метавонад ба як рукни асосии идоракунии инфрасохтори нақлиёт дар Тоҷикистон табдил ёбад, ки на танҳо нигоҳдории шабакаи мавҷуда, балки рушди шабакаи нави роҳҳо ва тавсеаи пайвастагиҳои минтақавиро таъмин менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат карда шавад:  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Телефон: 2216408 ваwww.developmentcouncil.tj

 

 

 

Замимаҳо:
Аксҳо: