1 августи соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвами, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, асотссиатсияҳои бахши хусусӣ ва коршиносони соҳавӣ мизи мудаввар оид ба муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Завқизода З. А. қайд намуд, ки лоиҳаи БМР 2026-2030 ҷиҳати иҷрои супориши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар таҳия гардида, таклифу пешниҳодҳои шарикони рушд, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, асотссиатсияҳои бахши хусусӣ ва коршиносони соҳавӣ барои такмили лоиҳаи Барномаи мазкур муҳим мебошад.
Сипас ба иштироккунандагон лоиҳаи БМР 2026-2030 муаррифӣ карда шуд, ки дар он ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди саноат ва зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот, рушди сармояи инсонӣ ва дигарҳо инъикос гардиданд.
Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ - аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, асотссиатсияҳои бахши хусусӣ ва коршиносони соҳавӣ суханронӣ намуда, пешниҳодҳои созанда оид ба такмили лоиҳаи БМР 2026-2030 манзур карданд.
Қайд бояд кард, ки Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 марҳилаи сеюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.
Фикру пешниҳодҳо ва натиҷаи муҳокимаҳо дар таҳияи лоиҳаи БМР 2026-2030 ба инобат гирифта шуданд.
Қайд бояд кард, ки лоиҳаи БМР 2026-2030 дар қадамҳои минбаъда дар мувофиқа бо вазорату идораҳои кишвар ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Барои маълумоти бештар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо рақамҳои 221-68-10, сомонаи www.medt.tj ва www.developmentcouncil.tj муроҷиат намоед.






















