Душанбе, 27 апрели соли 2026 – Дар доираи Конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Банақшагирии стратегӣ: низоми мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари омӯзишии амалӣ бо иштироки васеи мутахассисони милливу маҳаллӣ ва коршиносони байналмилалӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ» ва бо дастгирии шарикони рушд доир гардида, ба таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва касбии мутахассисон дар соҳаи мониторинг ва арзёбӣ равона карда шуд.
Дар семинар зиёда аз 150 нафар намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коршиносони соҳавӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар кори семинар коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Британияи Кабир Ҷопон, Федератсияи Россия, Туркия, Покистон ва Қирғизистон иштирок намуда, таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва равишҳои муосири мониторинг ва арзёбиро пешниҳод намуданд.
Дар доираи барномаи семинар маърузаҳо аз ҷониби коршиносони варзидаи вазоратҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ, Фонди нуфуси СММ, АКТЕД ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар мавзӯъҳои сабақҳои омӯхта аз рушди низоми миллии мониторинг ва арзёбӣ, нақши минтақаҳо дар низоми ҳадафҳои БМР 2026–2030, таҳлили вазъи низоми миллии мониторинг ва арзёбӣ дар Тоҷикистон ва таҷрибаи байналмилалӣ дар рушди низоми мониторинг ва арзёбӣ баромад намуда, таҷриба ва равишҳои муосири мониторинг ва арзёбӣ ва маҳалликунонии Ҳадафҳои рушди устувор муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ба масъалаҳои амалии татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла истифодаи Роҳнамо оид ба таҳия, мониторинг ва арзёбӣ, ташаккули нишондиҳандаҳои натиҷавӣ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди маълумот, инчунин таҳияи ҳисоботи мониторинг ва арзёб дар заминати шаклҳои ягонаи ҳисоботдиҳӣ таваҷҷуҳ доданд
Иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо истифода аз барномаҳои воқеии рушди вилоятҳои ВМКБ, Суғд ва Хатлон нақшаҳои мониторинг ва арзёбиро таҳия намуданд, ки ба табодули байниҳамдигарии таҷриба, таҳкими малакаҳои амалӣ ва ташаккули фаҳмиши ягона дар самти татбиқи низоми мониторинг ва арзёбӣ мусоидат намуд. Дар ҷараёни машғулият онҳо усулҳои муайян намудани нишондиҳандаҳои мақсаднок, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, инчунин тартиб додани ҳисоботи стандартиро дар амалия истифода бурданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамоҳангсозии равишҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, баланд бардоштани сифати маълумот ва татбиқи усулҳои идоракунӣ дар асоси натиҷаҳо (Results-Based Management) равона гардид.
Қайд гардид, ки чунин семинарҳои амалӣ барои ташаккули заминаи ягонаи касбӣ дар низоми мониторинг ва арзёбӣ, тақвияти иқтидори хизматчиёни давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи барномаҳои рушди миллӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Семинари мазкур ҳамчун марҳилаи муқаддимавии конфронс заминаи устувор барои муҳокимаҳои стратегӣ дар рӯзҳои минбаъда фароҳам оварда, робитаи амалия ва сиёсатро дар соҳаи идоракунии рушд тақвият бахшид.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар муҳокимаҳо бо шаҳодатномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Тамос барои иттилооти иловагӣ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон: +992 (37) 227-34-34, www.medt.tj


