Аввалин Конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор гардид

   Санаи 28 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи Кровен Плаза дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии рушди кишвар аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ” аввалин Конфронси байналмилалии илмию амалиро дар мавзӯи «Банақшагирии стратегӣ: низоми мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конфронс ба ташаккули экосистемаи миллии мониторинг ва арзёбӣ, баланд бардоштани самаранокии банақшагирии стратегӣ, қабули қарорҳо дар асоси далелҳо ва таҳкими ҳамкории байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва шарикони рушд равона гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло Ҳикматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ва ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд, Парвати Рамасвами, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски ва Роҳбари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имай Сейҷу суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми солҳои истиқлолӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва методологии низоми банақшагирии стратегӣ ва мониторингу арзёбӣ таҳким ёфтааст. Аз ҷумла бо истифода аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ Қонун “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” қабул, Тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, роҳнамо оид ба таҳия, мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ якҷо бо шаклҳои ягонаи ҳисоботдиҳӣ ва феҳристи ягонаи мафҳумҳои мониторинг ва арзёбӣ бо се забон омода гардидаанд.

Дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ танҳо дар 10 соли охир ММД аз 48 миллиард то 173 миллиард сомонӣ, ММД  ба ҳар нафар аҳолӣ аз 6 ҳазор то 16,4 ҳазор сомонӣ ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 26 миллиард то 165 миллиард сомонӣ зиёд гардид. Инчунин дар ин давра иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфта, дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоиз то 19 фоиз коҳиш ёфт.

Дар ин радиф соли гузашта дар заминаи натиҷаҳои арзёбии Барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва сабақҳои андухта Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид.

Ҳамзамон дар ин замина бо назардошти тағйирёбии шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва афзалиятҳои нави миллӣ, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди тасҳеҳ қарор гирифта, ба он самтҳои муҳими нав, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рақамикунонӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути дар панҷ соли оянда ду маротиба зиёд намудани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, то 10 фоиз коҳиш додани  сатҳи камбизоатӣ ва то 50 фоиз зиёд намудани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ворид карда шуданд.

Қайд карда шуд, ки рушди минбаъдаи низоми банақшагирии стратегӣ дар доираи чор самти калидӣ бахусус тақвияти иқтидори кадрӣ, ҳамгироии илм ва идоракунӣ, рақамикунонии равандҳо ва ҷорӣ намудани идоракунии ба натиҷаҳо нигаронидашуда мувофиқи мақсад мебошад.

Чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, доираи васеи коршиносони байналмилалӣ аз Ҷопон, Британияи Кабир, Покистон, Туркия, Федератсияи Россия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва институтҳои молиявии рушд аз қабили ниҳодҳои кишварии СММ, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷомеаи илмию академӣ ва шаҳрвандӣ ба ҳам оварда, майдони муколамаи созандаро барои мубодилаи таҷрибаи пешқадами байналмилалиро дар самти банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбии барномаҳои давлатӣ фароҳам овард.

Дар доираи конфронс тренинги омӯзишӣ бо фарогирии зиёда аз 150 мутахассисони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, коршиносони соҳавӣ ва ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои  банақшагирии стратегӣ ва ҷаласаҳои пленарӣ ва мавзӯӣ оид ба масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, рақамикунонии идоракунӣ ва рушди иқтидори кадрӣ, баррасии ҳамгироии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва маҳалликунонии Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин семинари амалӣ ва муколамаи стратегӣ бо шарикони рушд оид ба ҷорӣ намудани идоракунӣ дар асоси натиҷаҳо доир карда шуд.

Конфронс ҳамчун платформаи муҳими мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳои дахлдор дар самти рушди устувори кишвар баромад намуда, яке аз натиҷаҳои муҳими конфронс таҳияи Харитаи миллии роҳ оид ба рушди низоми мониторинг ва арзёбӣ маҳсуб меёбад, ки барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва истифодаи мақсадноки захираҳо заминаи устувор фароҳам меорад.

Тамос барои иттилооти иловагӣ:

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 +992 (37) 227-34-34 www.medt.tj