Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии №2 «Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ» оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Фонди роҳ

24 июни соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии №2 зери унвони «Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ» дар доираи фаъолияти Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Шарифов Сиёваш Саидаброрович - сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки бо ибтикор ва роҳнамоиҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи нақлиёт ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои ташаккули низоми муосири нақлиётӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Шарифов С. С. аҳамияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва такмили механизмҳои маблағгузории нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар қобили таваҷҷуҳ баён намуд.

Ҳамзамон алоқамандии ҳадафи дуюми стратегии миллӣ бо Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои 8, 9, 11 ва 17, инчунин афзалиятҳои пешбинишуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, аз ҷумла рушди шабакаи нақлиётӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои он, рушди долонҳои байналмилалӣ ва такмили фаъолияти Фонди роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муаррифӣ гардиданд.

Дар доираи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа Шокиров Парвиз - сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳадафи дуюми стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ маърӯза намуд.

Дар идомаи ҷаласа Кит Корниш коршиноси байналмилалӣ рӯнамо дар мавзӯи «Фаъолияти Фонди роҳ ва формулаи тақсимоти маблағҳо барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» пешниҳод намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба тақвияти иқтидори институтсионалии Фонди роҳ, ҷорӣ намудани механизмҳои муосири идоракунӣ, такмили низоми маблағгузорӣ ва таъмини нигоҳдории босифати роҳҳои автомобилгард мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Аксҳо: