21-22 апрели соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ семинар оид ба идоракунии давраи лоиҳа баргузор гардид.
Иштирокчиёни семинар бо раванди таҳияи лоиҳа дар асоси консепсияи идоракунии давраи лоиҳа шинос шуданд.
Дар анҷоми семинар ба иштирокчиёни муваффақ сертификатҳо тақдим карда шуданд.