Семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, низоми МваА дар МИҲД Вилояти Хатлон

7 апрели соли 2022 Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо кӯмаки техникии Барномаи Рушди СММ барои баланд бардоштани иқтидори кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, низоми мониторинг ва арзёбӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Мақсади асосии семинар баланд бардоштани иқтидори кормандони масъули МИҲД вилояти Хатлон дар самти банашқагирии стратегӣ, таҳияи барномаи рушди маҳал, муайян намдуни мушкилот ва самтҳои афзалиятноки Вилоят ва ба инобат гирифтани он дар барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Семинарро Сатторов Ҷумахон намояндаи МИҲД вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшиида, минатдории худро ба ВРИС ва БР СММ иброз намуд.  Қайд намуд, ки гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар сифати таҳия ва иҷрои барномаҳои рушд нақши калидӣ хоҳад дошт.

Ҳамзамон, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо Камолиддин Бозиев аз МИҲД вилояти Хатлон барои ҳамкорӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои гузаронидани семинар минатдорӣ намуда, иброз дошт ки семинарҳои мазкур ҳамзамон ба хотири ҳамоҳанг сохтани ҳуҷҷатҳои рушди иҷтимою иқтисодии сатҳи маҳал бо ҳадаф ва афзалиятҳои соҳавӣ, миллӣ ва ҳадафҳои рушди устувор ба нақша гирифт шудаанд.

Дар семинар диққати асосӣ ба мавзуъҳои асосҳои банақшагирии стратегӣ, раванди таҳияи принсипҳои таҳияи Барнома: «СВОТ-таҳлил» ва «СМАРТ-таҳлил», муайян намудани афзалиятҳо, низоми мониторинг ва арзёбӣ дода шуда, якҷоя бо иштирокчиён корҳои амалӣ гузаронида шуд.

 Дар қисмати дуюми чорабинӣ муҳокимаи ҷамъиятии Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Вилояти Хатлон бо иштироки васеъи намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, олимон ва намояндагони ВАО баргузор гардид.

Зикр гардид, ки пешниҳод ва фикру мулоҳизаи иштирокчиён ва ҷонибҳои манфиатдор дар такмил додани Барнома ва сифати иҷрои он ба инобат гирифта мешаванд.