Муаррифии Барномаи таҷдидшудаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025»

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Барномаи рушди СММ санаи 14 майи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

    Мақсади ташкил намудани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оиди муаррифии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025 мебошад.

   Муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Т. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвонро барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ намуд. Қайд карда шуд, ки Барномаи рушд ҳамчун ҳуҷҷати асосии ноҳия, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва баланд намудани сатҳи некӯаҳволии сокинон, дар ояндаи миёнамуҳлат, нигаронида шудааст.

Дар охири баромад муовини аввали раиси ноҳия ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ барои кумаки машваратӣ дар раванди таҳияи Барномаи рушди ноҳияи Ёвон изҳори сипос намуд.

 Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҳамоҳангсозии самаранок, банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии СМР/БМР ва ҲРУ» аз ҷониби БРСММ маблағгузорӣ карда шуд.