Муаррифии Барномаи таҷдидшудаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Барномаи рушди СММ рӯзҳои 17-18 майи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Мақсади ташкил намудани ҷаласаи мазкур ин пешниҳоди иттилоот ба намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ГК, ташкилотҳои хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оиди муаррифии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025 мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Парлумон Назири Гулбаҳор Назир –муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод- узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ иштирок намудаанд.

 Назири Гулбаҳор қайд кардан, ки мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи Барномаи мазкур минбаъд низ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии муайянгардидаи кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул корҳои назарасро иҷро намояд.

Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Каримбо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Қодиров А.А. Муовини сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғдро барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ намуд. Қайд карда шуд, ки Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асоси буда, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати вилоятро муайян менамояд, ки он барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва баланд намудани сатҳи некӯаҳволии сокинон, дар ояндаи миёнамуҳлат, нигаронида шудааст.

Дар охири баромад сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ барои кӯмаки машваратӣ дар раванди такмили Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025 изҳори сипос намуд.

 Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҳамоҳангсозии самаранок, банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии СМР/БМР ва ҲРУ» аз  ҷониби Барномаи СММ маблағгузорӣ карда шуд.

Аксҳо: