Муаррифии Барномаи таҷдидшудаи рушди иҷтимоию иқтисодии Шаҳристон барои солҳои 2021-2025»

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Барномаи рушди СММ 19 майи соли 2022  муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳристон барои давраи соли 2021 -2025»-ро дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон баргузор намуд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи ҷамъиятӣ баррасии Барномаи қаблии рушди иқтисодию иҷтимоии Шаҳристон барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи таҷдидшудаи рушди иҷтимоию иқтисодии Шаҳристон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, гурӯҳи корӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ.

Дар ин баҳсҳо намояндагони парлумон: Назири Гулбаҳори Назир - муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод - узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Қайд кард, ки барномаи таҷдидшуда санади калидӣ буда, афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати минтақавиро муайян намуда, ба ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии сокинон ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ дар давраи миёнамӯҳлат нигаронида шудааст.

Дар охир раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ барои кумаки машваратӣ дар таҳияи барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳристон барои  солҳои 2021-2025 изҳори сипос намуд..

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ, банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии самараноки СМР/БМР ва ҲРУ». аз ҷониби БРСММ маблағгузорӣ карда шуд.