Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Барномаи рушди СММ санаи 24 майи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025»-ро баргузор намуд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ баррасии Барномаи қаблии рушди иқтисодию иҷтимоии ш. Панҷакент барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи таҷдидшудаи рушди иҷтимоию иқтисодии ш. Панҷакент барои солҳои 2021-2025 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, гурӯҳи корӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ.
Дар ҷаласаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодизода Парвиз ва Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод иштирок намуданд.
Дар сухани худ Шодизода Парвиз қайд карданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи Барномаи мазкур минбаъд низ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии муайянгардидаи кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул корҳои назарасро иҷро намояд.
Муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент Сафарзода Муҳаммадсодиқ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд ва сипас «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025»-ро муаррифӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосии шаҳри Панҷакент буда, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати шаҳрро муайян менамояд, ки он барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинон, дар ояндаи миёнамуҳлат, нигаронида шудааст.
Дар охири ҷаласа Муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент Сафарзода Муҳаммадсодиқ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ барои кӯмаки машваратӣ дар раванди таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025 изҳори сипос намуд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҳамоҳангсозии самаранок, банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии СМР/БМР ва ҲРУ» аз ҷониби Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ карда шуд.