Семинари омӯзишии Гурӯҳи кории байниидоравии «Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба банақшагирии соҳавӣ

Баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии «Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба банақшагирии соҳавӣ

 

3 июни соли 2022 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии машваратӣ ва техникии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба банақшагирии соҳавӣ баргузор гардид.

 Дар доираи барномаи семинар асосҳои банақшагирии стратегӣ оид ба таҳияи сиёсати соҳавӣ ва робитаи онҳо бо Ҳадафҳои рушди устувор БМР2025/СМР2030 муаррифӣ гардида, муҳокимаи консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул то соли 2040 ва лоиҳаи  Барномаи таҳсилот ва шуғли занон, маъюбон ва ҷавонон то соли 2030 сурат гирифт.

 Дар семинар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳо иштирок доштанд.

 Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Алишер Ализода иштирокчиёни семинарро хайрмақдам гуфта, консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул то соли 2040-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ахамияти принсипиалии захираҳои меҳнатӣ ва шуғли меҳнат бо назардошти ҷалби ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла маъюбон барои рушди умумии иктисодиёти мамлакат, ки ба баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва раҳоӣ аз камбизоатӣ нигаронида шудааст, кайд карда шуд.

 Мушовирони БРСММ дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод карданд. Дар рафти маърӯза масъалаҳои ба хам пайвастани мақсадҳои стратегии соҳа, захираҳои моддию мехнатӣ, муҳлатҳо, захираҳои молиявӣ ва имкониятхои буҷетии барномаи соҳа муҳокима шуданд.

 Дар доираи семинар самтҳо ва сохтори асосии лоиҳаи Барномаи рушди таҳсилот, шуғли занон, маъюбон ва ҷавонон то соли 2030 муаррифӣ гардид. Иштирокчиён таклифҳои худро ба самтҳои асосии таҳияи қисми матнии барнома пешниход намуданд.

 Барои инъикоси васеътари масъалаҳои мусоидат ба меҳнати маъюбон раиси Ассотсиатсияи миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев натиҷаҳои тадқиқот оид ба вазъи таҳсилот ва шуғли аҳолӣ одамони маъюбро бо рӯнамо муаррифи намуд. Зимнан қайд гардид, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 муқаррароти зиёде вобаста ба шуғли маъюбон фаро гирифта шудааст. Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025 таҳия ва қабул шудааст, ки дар он дастрасии нақлиёт, иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, инчунин воситаҳои алоқа ва иттилоот барои маъюбон баррасӣ шудааст.

 Натиҷаҳои тадқиқот барои тартиб додани қисми матнии Барнома бо назардошти принсипи «ягон кас дар канор намемонад» асос хоҳанд шуд.

 04 июни соли 2022 иштирокчиёни вохӯрӣ системаи мониторинг ва арзёбии Барномаро дар доираи матритсаи фаъолият ва инчунин методологияи муайян кардани арзиши чорабиниҳои Барномаро баррасӣ намуданд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ тасмим гирифта шуд, ки нусхаи аввали барнома таҳия ва барои изҳори назар ва пешниҳодҳо ба ҳамаи аъзои гуруҳи корӣ паҳн карда шавад.

 Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти чамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.

 Барои гирифтани маълумоти иловагӣбаВазоратимеҳнат, муҳоҷиратвашуғлиаҳолӣ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед: 905404015

 

Замимаҳо: