Баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии «Саноатикунонии босуръати кишвар ва диверсификатсияи содирот»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба банақшагирии соҳавӣ
17 июни соли 2022 аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии машваратӣ ва техникии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба банақшагирии соҳавӣ баргузор гардид.
Дар доираи барномаи семинар асосҳои банақшагирии стратегӣ оид ба таҳияи сиёсати соҳавӣ ва робитаи онҳо бо Ҳадафҳои рушди устувор БМР2025/СМР2030, инчунин муҳокимаи лоиҳаи Барномаи рушди саноати масолеҳи сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 сурат гирифт.
Дар семинар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳо иштирок доштанд.
Сардори Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - Баҳриддин Абдураҳимзода иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфт. Аҳамияти иҷтимоию иқтисодии рушди саноат, ки яке аз самтҳои бунёдии стратегии сиёсати ҳамаҷонибаи давлатӣ мебошад, қайд карда шуд.
Мушовирони БРСММ дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод карданд. Дар рафти маърӯза масъалаҳои ба ҳам пайвастани мақсадҳои стратегии соҳа, захираҳои моддию мехнатӣ, муҳлатҳо, захираҳои молиявӣ ва имкониятҳои буҷетии барномаи соҳа муҳокима шуданд.
18 июни соли 2022 иштирокчиёни вохӯрӣ системаи мониторинг ва арзёбии Барномаро дар доираи матритсаи фаъолият ва инчунин методологияи муайян кардани арзиши чорабиниҳои Барномаро баррасӣ намуданд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ таҳия ва паҳн намудани варианти омодашудаи барнома дар байни ҳамаи аъзоёни Гурӯҳи корӣ барои эрод ва пешниҳодҳо дар назар аст.
Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти чамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат карда шавад:
Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба воситаителефон: 988923456