Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори аъзоёни Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Тандурустӣ»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 июли соли 2022 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон семинари омӯзишии дурӯза доир ба банақшагирии соҳавӣ гузаронида шуд.
Дар семинари омӯзишӣ намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омор ва дигарон иштирок доштанд.
Намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шарапов Асадулло иштирокчиёни семинарро хайрмақдам гуфт. Аҳамияти иҷтимоию иқтисодии банақшагирии самарабахши соҳавӣ ҳамчун асоси муайян намудани ташаббусҳо ва самтҳои сиёсати давлатии соҳавӣ қайд карда шуд.
Дар рафти семинар коршиносони БРСММ дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоҳо пешниҳод намуда, инчунин воситаҳои амалии зеринро баррасӣ намуданд: методологияи муайян кардани мушкилоти афзалиятноки бахшҳо, механизмҳои ҳалли онҳо ва методологияи муайян намудани арзиши барномаҳо ва стратегияҳо.
Дар рафти омӯзиш назария ба амалия табдил дода шуда, барои иштирокчиёни семинар оид ба ташаккули сохтори барномаҳо аз рӯи мисолҳои шартӣ, инчунин ташаккули занҷири мантиқӣ дар муқаррар намудани ҳадафҳо, вазифаҳо ва амалӣ гардондани тадбирхои хуҷҷатҳои стратегии мамлакат бо дарназардошти ҲРУ оварда шуданд.
13 июл иштирокчиёни семинар имкон доштанд, ки матрисаи амалҳои барномаи шартиро бо назардошти тамоми унсурҳои системаи мониторинг ва арзёбӣ, нишондиҳандаҳои ҲРУ ва СМР2030/БМР2025 бо мақсади муттаҳид намудани маълумоти гирифташуда ташаккул диҳанд ва онро дар мисоли амалӣ кор кунанд.
Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат карда шавад: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Телефон: 2215507