Семинари омӯзишии Гурӯҳи кории байниидоравии «Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори аъзоёни Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Раҳои аз бунбасти коммуникатсиони ва табдил ба кишвари транзити»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 7 июни соли 2022 аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии оид ба «Раҳои аз бунбасти коммуникатсинонӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ»-и Шӯрои миллии рушд назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир ба банақшагирии соҳавӣ  гузаронида шуд.

Дар семинари омӯзишӣ намояндагони, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати адлия, Вазорати молия,  Вазорати саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи ҳифзи мумҳити зисти назди ҲҶТ, Агентии омор назди ПҶТ, Хадамоти гумрук, Академияи илмҳо, Хадамоти алоқа иштирок доштанд.

 Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидмуродзода Шоиста  иштирокчиёни семинарро хайрмақдам гуфт. Аҳамияти иҷтимоию иқтисодии банақшагирии самарабахши соҳавӣ ҳамчун асоси муайян намудани ташаббусҳо ва самтҳои сиёсати давлатии соҳавӣ қайд карда шуд.

 Дар рафти семинар коршиносони БРСММ дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоҳо пешниҳод намуда, инчунин воситаҳои амалии зеринро баррасӣ намуданд: методологияи муайян кардани мушкилоти афзалиятноки бахшҳо, механизмҳои ҳалли онҳо ва методологияи муайян намудани арзиши барномаҳо ва стратегияҳо.

8 июл иштирокчиёни семинари омӯзиши  имконият пайдо карданд, ки матритсаи амалҳои барномаи шартиро бо дарназардошти тамоми унсурҳои системаи мониторинг ва арзёбӣ, нишондиҳандаҳои ҲРУ ва СМР 2030/БМР 2025 ва ахбороти гирифташударо аз худ намуда, онро дар мисоли амалй кор карда баромаданд.

Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти чамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.

 Барои гирифтани маълумоти иловагӣбасуроғаизеринмуроҷиаткардашавад:  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телефон: 2359824