Семинар оид ба таҳияи нақшаи лоиҳа бо истифода аз Идоракунии Давраи Лоиҳа

Семинари мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконият ба аъзоёни Гурӯҳи кории №13 барои такмил додани дониш ва малакаи онҳо дар таҳияи нақшаи лоиҳа бо истифода аз усули идоракунии давраи лоиҳа (PCM) пешбинӣ шудааст. Чорабинии мазкур давоми ду рӯз 26 ва 27 апрели соли 2023 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷаноби Хироши Ниино, коршиноси JICA оид ба ШМР баргузор гардид.

Семинари амалӣ ба забони англисӣ бо тарҷума ба забони русӣ гузаронида шуд. Ба иштирокчиён якчанд мисолҳои амалӣ ва имкони кор дар 4 гурӯҳи хурд дода шуд. Нахуст, иштирокчиён дар бораи чӣ будани лоиҳа ва усули PCM шиносоии мухтасар гирифтанд. Онҳо бояд мушкилотро таҳлил карда, дар асоси омӯзиши мисоли овардашуда дарахти мушкилот эҷод мекарданд. Сипас, таҳлили ҳалли мушкилот ва муайян кардани лоиҳаҳо гузаронида шуд. Қадамҳои охирин моделсозии мантиқӣ ва таҳияи PDM (Матритсаи таҳияи лоиҳа) буданд.

Бояд гуфт, ки семинари мазкур ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки таҳлили пешакии лоиҳаро гузаронанд ва ҳуҷҷатҳоро барои пешниҳодҳои лоиҳавӣ бо истифода аз усули идоракунии давраҳои лоиҳа таҳия намоянд. Дар анҷоми семинар ба 20 нафар иштирокчиён шаҳодатномаҳои бомуваффақият анҷом додани семинари дурӯза оид ба « Таҳияи нақшаи лоиҳа бо истифода аз Идоракунии Давраҳои Лоиҳа» супурда шуданд.

Аксҳо: