Ин семинари панҷум ва ниҳоии силсилаи дуюми семинарҳои M&А буд. Ёдовар мешавем, ки ин силсила барои эҷоди як формати умумии гузоришдиҳии мониторинг ва арзёбӣ равона шуда буд. Дар ин семинар шаклхои маърузахое мухокима карда шуд, ки лектори мо тартиб додааст:
- Муминова Фарида — мудири шуъбаи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон. Доктори илмҳои иқтисод. «Таҳияи ҳисоботи мониторингӣ оид ба татбиқи барномаҳои стратегии рушди соҳаи маориф ва илм».
Иштирокчиён оид ба такмили шаклҳои ҳисоботи пешниҳодшуда фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Дар охир ҷамъбасти як қатор семинарҳо ва омода намудани пешниҳодҳо оид ба шакл ва вазифаҳои функсионалии М&А идома ёфт.