Ҷанбаҳои асосии ташкили баҳодиҳии иҷрои интизориҳо ва нишондиҳандаҳо дар ҷараёни таҳлили ҷории татбиқи Стратегия/барномаҳои рушд

Семинари мазкур, ки 18 апрели соли 2023 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, идомаи силсилаи семинарҳо барои Гурӯҳи кории No13 мебошад, ки ҷиҳати таҳияи Дастури методӣ барои мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди ҳамаи мақомоти давлатӣ. Семинари мазкур ба баррасии ҷанбаҳои асосии ташкили арзёбӣ дар раванди татбиқи ҷории Стратегия/барномаҳои рушд бахшида шуда буд. Лекцияхо ба таври зерин шунида шуданд:

-  «Шароитҳои муҳими ташкили арзёбӣ дар раванди татбиқи чорабиниҳои барномавӣ» аз ҷониби Манучеҳраи Маҷон - сардори Сарраёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

- «Арзёбии раванди амалишавии нишондиҳандаҳои бахши чорум (ноил гардидан ба истиқлолияти воқеии энергетикӣ) – и Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби Халифаев М.Х. - муовини сардори Раёсати иқтисод ва пешгӯии Вазорати энергетика ва захираҳои об.

- «Тавсифи методологии раванди (қадам ба қадам) баргузории арзёбии ҷории рушд  бо инъикоси ноилшави ба  максадхо, халли масъалахо, ичрои  чорабинихои барномави (бо овардани мисолхои амалй)» аз ҷониби Муминова Ф.М. – мудири шуъбаи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар анҷоми семинар иштирокчиён саволҳои худро дода, инчунин пешниҳодҳоро оид ба таҳияи Дастури методӣ оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд дар робита ба ҷанбаҳои асосии ташкили арзёбии иҷрои интизориҳо ва нишондиҳандаҳо дар раванди таҳлили доимии татбиқи Стратегия/барномаҳои рушд.

Аз ҷумла, иштирокчиён ба имкони татбиқи пешниҳодҳои дар маърӯзаҳо овардашуда барои гузаронидани арзёбии ҳангоми татбиқи барномаҳои рушд дар сатҳи маҳаллӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисод таваҷҷӯҳ доштанд. Лекторон тавсияхои дахлдор доданд ва инчунин изхор намуданд, ки тайёранд дар гузарондани ин гуна арзёбии маслихат диханд.

Замимаҳо:
Аксҳо: