Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори Гурӯҳи кории 13, як қатор вебинарҳо ҳам аз ҷониби лекторҳои ҷопонӣ ва ҳам маҳаллӣ гузаронида шуданд. Ин дафъа нишондиҳандаҳои арзёбии СМР 2030 ва БМР 2021-2025, усулҳои андозагирии онҳо ва ҷамъоварии маълумот барои арзёбӣ баррасӣ шуданд. Лектор аз агентии омор ин лексияро пешнишод кард:
- Чаноби Набизода Абдувалӣ. мудири шӯъбаи омори демографӣ, аҳолӣ ва шуғли иҷтимоии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Веминар рӯзи ҷумъаи 14 январи соли 2022 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баргузор гардид.
Дар маърӯзаи худ ҷаноби Набизода Абдувалӣ дар якҷоягӣ бо иштирокчиён тартиби мониторинг ва арзёбии СМР 2030-ро баррасӣ намуда, оид ба манбаъҳои иттилооти оморӣ оид ба МваА СМР 2030 маълумот дод. Инчунин нишондиҳандаҳои дастовардҳо дар СМР 2030 баррасӣ шуданд.