2. Мониторинг ва арзёбии бахши энергетика ва захираҳои об

Дар идомаи силсилаи семинарҳо оид ба ташкили формати умумии ҳисоботи мониторинг ва арзёбӣ, ин семинар оид ба Мониторинг ва Арзёбӣ барномаҳои соҳавии энергетика ва захираҳои об диққати махсус дод. Чунин лексияҳо пешниход карда шуданд:

  1. Халифаев М.Х. (муовини сардори Раёсати иқтисод ва пешгӯии Вазорати энергетика ва захираҳои об); «Низоми мониторинг ва арзёбӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об»
  2. Мӯъминова Ф.М. (мудири кафедраи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи АИ Тоҷикистон. Номзади илми иқтисод); «Ташаккули ҳисоботи мониторингии иҷрои барномаҳои стратегӣ доир ба рушди энергетика.
  3. Мадчон М.М. (Сардори Раёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдо. Доктори илмҳои иқтисод); «Гузориши ҷанбаҳои асосии баргузории мониторинг ва арзёбии иҷрои барномаҳои стратегӣ доир ба рушди энергетика».

Лекторон аз руи маъруза дар бораи чихатхои асосии мониторинг ва баходихии ичрои программахои стратегии тараккиёти энергетика баромад карданд; ташкили мониторинг ва арзёбии иҷрои барномаҳои стратегӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, инчунин таҳияи ҳисобот оид ба мониторинги иҷрои барномаҳои стратегии рушди соҳаи энергетика.

Дар охири семинар иштирокчиён саволҳои худро пешниҳод намуда, инчунин оид ба такмили тарҳи ҷадвали ҳисоботи МваА пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Замимаҳо:
Аксҳо: