Семинари мазкур ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои бахши кишоварзӣ тамаркуз кард.
Лекцияро се нафар лекторон хонданд.
- Назаров Б.Г. (Сардори шуъбаи сиёсати аграрӣ ва назорати бехатарии озукавории Вазорати кишоварзӣ). “Мониторинги барномаҳои бахши кишоварзӣ”
- Мӯъминова Ф.М. (мудири кафедраи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи АИ Тоҷикистон. Номзади илми иқтисод); «Ташаккули ҳисоботи мониторингӣ оид ба татбиқи барномаҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ»
- Мадчон М.М. (Сардори Раёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдо. Доктори илмҳои иқтисод); «Интиқоли ҷанбаҳои асосии мониторинг ва арзёбии иҷрои барномаҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ»
Баъди семинар ба лекторон бисьёр саволхо дода шуданд. Аксарияти намояндагони вазорату кумитаҳо мавҷудияти маълумот оид ба мониторинг ва арзёбӣ ва чӣ гуна дохил кардани онҳоро ба формати ҳисоботи мониторинг ва арзёбӣ баррасӣ карданд; чӣ гуна интихоб кардани нишондиҳандаҳо оид ба мониторинг ва арзёбӣ; ахамияти ташкили координацияи байнисохавй ва байниидоравй ва ғайра.