Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи корӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ  ба ғизои хушсифат дар нази Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 8 октябри соли 2021. – Имрӯз нахустин ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар назди Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид "Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат" баррасии фаолияти Гурӯҳи корӣ дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши аъзоёни Гуруҳи корӣ буда, дар он мақомотҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ доштанд. 

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ, дастоварду мушкилоти дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷударо дар доираи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавӣ бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор муҳокима намуданд. Қайд гардид, ки афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, зиёдшавии шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳамчунин болоравии сатҳи дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат ба таври намоён ба назар мерасад. Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба норасоӣ дар самти идоракунии хоҷагиҳо ва соҳаҳои миллӣ, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дигар мушкилиҳо, ки дар самти кишоварзӣ ба назар мерасанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 

Аз ҷумла, дар рафти ҷаласа системаи мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқиятҳои асосии он аз системаи мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барнома аз рӯи бахшҳо муҳокима шуданд.

Замимаҳо:
Аксҳо: