Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Таҳсилоти босифат” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 октябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Таҳсилоти босифат” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.

Дар ҷаласа аъзои Гуруҳи кории байниидоравӣ  бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои Гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласаи  Гуруҳи кории байниидоравӣ  масъалаҳои таъмини таҳсилоти босифат, инчунин дастоварду мушкилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби ЮНИСЕФ масъалаҳои ба вучуд овардани маҷмӯи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълим, мунтазам такмил додани системаи стандартҳои давлатии таълим, барномаҳо ва маводҳои таълимӣ, барномаҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таълимӣ бо назардошти принсипи фарогир  қайд карда шуданд.

Аз ҷумла, дар рафти ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 27 октябр идома ёфт. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбӣ мебошад. 

Замимаҳо:
Аксҳо: