Санаи 28 январи соли 2025 соати 9:00, ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии №14 оид ба маблаггузории Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравии №14 оид ба маблаггузории Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои Рушди Устувори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 январи соли 2025 соати 9:00 дар маҷлисгоҳи ошёнаи 7-уми Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба мавзӯи “Мониторинги Хадафҳои Рушди Устувор пайваста ба кӯдакон” семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.