Вохӯрӣ аз натиҷаи сафари омӯзишӣ дар Ҷопон


1 марти соли 2023 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатӣ баргузор гардид, ки ҳадафи он дар шунидани таҷрибаи собиқ иштирокчиёни курси омӯзишӣ дар Ҷопон дар мавзӯи «Арзёбии сиёсат ва таҳияи лоиҳа» буд.

Ҳар як собиқ иштирокчӣ дар асоси омӯзише, ки моҳи феврали соли 2023 дар Ҷопон гузаронида шуд, рӯнамо пешниҳод кард. Онҳо дониши худро дар асоси омӯзиши дар Ҷопон гузаронидашуда оид ба «Арзёбии сиёсат ва таҳияи лоиҳа» мубодила намуданд. Дар асоси таҷрибаи Ҷопон оид ба Мониторинг ва Арзёбӣ, махсусан дар бораи префектураҳои Кочи ва Умадзи мисолҳои зиёд оварда шуда буданд.

Дар асоси омӯзише, ки дар Ҷопон баргузор шуд, собиқ иштирокчиён ният доранд, ки дар давоми моҳи марти соли 2023 дар вазорату идораҳои дахлдори худ семинарҳо гузаронанд, то дониши кормандони шӯъбаҳои худро такмил диҳанд, ҳамзамон амалигардонии мониторинг ва арзёбиро дар мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ рушд диҳанд.

 

Барои маълумоти бештар ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

  • Замимаи 1_ Ҷадвали гузаронидани семинари собиқ иштирокчиён
  • Замимаи 2_Барнома_01.03.2023_ENG
  • Замимаи 2_ Барнома_01.03.2023_RU
  • Замимаи 3_Рӯнамоҳои собиқ иштирокчиён_ENG
  • Замимаи 3_ Рӯнамоҳои собиқ иштирокчиён _RU
  • Замимаи 4_Ҷадвали курси омӯзишӣ дар Ҷопон_RU
  • Замимаи 4_Ҷадвали курси омӯзишӣ дар Ҷопон_ENG

Барои маълумоти бештар ба ракамхои 221-13-53 тамос гиред

Замимаҳо:
Аксҳо: