Баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба «Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ» дар доираи ШМР

5 июли соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба “ Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ ”-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор намуд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Ассотсияатсияҳои роҳу нақлиёт ва ҷомеаи шаҳвандӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Сардори  Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо -Манучеҳра Мадҷон ва Сардори-КВД Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷҷикистон- Ёқубзода Суҳроб оғоз намуданд.

Дар раванди ҷаласа муарифномаҳо аз ҷониби Сардори-КВД Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Ёқубзода Суҳроб  оид ба “Рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт”, аз ҷониби коршиноси  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Шокиров Парвиз  оид ба “Системаи бақайдгирии электронии корхонаҳои нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиётии онҳо ” ва оид ба “Системаи электронии роҳхатҳо” пешкаши аъзои гуруҳи кори карда шуд.

Қайд карда шуд, ки таҳияи низоми электронӣ имконият медиҳад, ки раванди додани иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли автомобилӣ шаффоф ва самаранок гардад. Система равандҳои тиҷоратиро автоматӣ мекунад, суръати қабули қарорҳоро беҳтар месозад ва инчунин дастрасии иттилоотро барои интиқолдиҳандагон нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар портали берунии система беҳтар мегардонад.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Вазорати нақлиёт қайд гардид, ки бо гузаштан ба ин намуди фаъолият кори ронандагон, нозирон, ташкилоте, ки роҳхату борхат медиҳад осонтар гардад. Аммо барои пурра ба ин Модели нав гузаштан марҳилаҳоро тай кардан даркор ва рақамикунонии роҳхату борхат ин марҳилаи аввал аст, ки фаъолиятамонро давоми солҳои 2022-2023 ба роҳ мондаем.

Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.