21 июли соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дасгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Ҳифзи иҷтимоӣ»-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои маъюбон, волидони кӯдакони маъюб ва ҷомеаи шаҳванди иштирок намуданд.
Ҷаласаро Роҳбари гуруҳи корӣ - муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед кушода, роҷеъ ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва Ҳадафаҳои рушди устувор суханронӣ намуданд.
Шодихон Ҷамшед қайд карданд, ки рафти амалисозии нақшаи амал барои солҳои 2021-2023 ва 2 соли амалишавии Барномаи миёнамуҳлат як қатор вазифа ва чорабиниҳо дар самти иҷтимоӣ татбиқ гардидаанд.
Дар ҷаласа раванди иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта вобаста ба ҳолати иҷрои онҳо аз ҷониби вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи кор бо занон ва оила, агентиҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, омор ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ва рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва меъёрии самти иҷтимоӣ, сатҳи камбизоатӣ, ислоҳоти низоми таъминоти нафақа, низоми суғуртаи иҷтимоӣ, ҳаҷми маблағгузории давлатии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, татбиқи моделҳои ҳисобҳои актуарӣ ва таҳияи пешгӯиҳои устувории низоми нафақа афзоиши фарогирӣ ва рушди раванди додани кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак, ҷорӣ намудани тартиби сезинагии тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои хадамоти иҷтимоии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои пурмуҳтаво сурат гирифт.
Қайд карда шуд, ки гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ ва ихтисосгирии аввалия дар хориҷи кишвар аз рӯи ихтисосҳои кори иҷтимоӣ, тайёр намудани омӯзгорон дар самти иҷтимоӣ барои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва шарикони рушд амали карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба барномаҳои иҷтимоӣ аз рӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, нишондиҳандаҳои соҳавӣ ва мушкилоти мавҷуда дар раванди татбиқшавии онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед