24 августи соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ “Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Ҷаласаро Шоимзода Ҷамшед - Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озан Севимлӣ- Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Ленни Монтиел - Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Манучеҳра Мадҷон- Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъияти иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа рӯномаҳо аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Пешрафти татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи ҲЕЛВЕТАС оид ба Асосҳои ҳуқуқии баҳамгирии Нақшаҳои ҳавзвии идораи захираҳои об ва Нақшаҳои рушди воҳидҳои маъмурӣ-маҳаллӣ, Компанияи «Гидрофил» дар бораи Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032, ИҲЗО, БРСММ дар бораи лоиҳаи Стратегияи миллии об Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 муарифи гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои лоиҳаи Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032 ва дигар барномаҳои соҳавиро муҳокима намуданд.
Мақсад аз баргузории ҷаласа қабул ва татбиқи қарорҳо оид ба такмили қонунгузории амалкунандаи об, сохтори институтсионалии идоракунии об, банақшагирӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳо, ҳифзи об, пешгирии таъсири манфии об, афзоиши сармоягузорӣ ва маблағгузории соҳаи об, беҳтар намудани таъминоти иттилоотии соҳаи об, барқарорсозӣ ва сохтмони инфрасохтори хоҷагии об мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа Шоимзода Ҷамшед – Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) суханрони намуданд.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед