Санаи 7-уми июни соли 2024 - Вазорати рушди иқтисод ва савдо (ВРИС) ҳамчун Котиботи Шӯрои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КШМР) дар ҳамкории зич бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва дигар ниҳодҳои СММ дар Тоҷикистон, доираҳои илмӣ ва Ҷамъияти омилони МваА дар Тоҷикистон мизи мудавварро бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар доираи Ҳафтаи арзёбии маҳаллӣ (gLocal Evaluation Week) омода ва баргузор намуданд.
Мизи мудаввар “Рушди арзёбӣ дар Тоҷикистон: имкониятҳои шарикӣ ва ҳамкорӣ дар доираи арзёбии БМР 2021-2025” бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият байни мақомоти намояндагӣ, сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмию тадқиқотӣ дар таҳкими равандҳои арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тавассути муайян кардани иқтидор ва имкониятҳои иштирокчиёни асосӣ мебошад.
Муҳокимаи судманд бо иштироки ҷонибҳои манфиатдор, ба чунин натиҷаҳо расонид:
- Чаҳорчӯбаи институтсионалии арзёбӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоти кунунии арзёбии БМР 2021-2025 баррасӣ ва муҳокима карда шуд.
- Самтҳои афзалиятноки рушди арзёбӣ дар Тоҷикистон ва доираи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳар як соҳа бо ҷалби доираҳои илмӣ муайян карда шуд.
- Имкониятҳои ҳамкорӣ дар раванди рушди арзёбӣ ба воситаи Ҷамъияти омилони МваА дар Тоҷикистон (ТҶ Арзёбӣ барои рушди устувор) дар самти бунёди ҳамкорӣ бо бурунмарзи кишвар ва рушди нерӯи зеҳнии арзёбӣ
Дар мизи мудаввар нақши арзёбӣ дар татбиқи барномаҳои рушд ва суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон (бо таваҷҷӯҳ ба БМР 2021-2025) аз нигоҳи доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор таъкид карда шуд.
Майдони муколамаи созанда имкон дод, ки ба чунин масъалаҳо ба монанди биниши раванди арзёбӣ, вазифаҳо ва доираи амалҳои он, ҷонибҳои манфиатдор дар рушди арзёбӣ ва муайян кардани саҳми онҳо равшанӣ андӯхта шавад. Мизи мудаввар ҳамчун қадами муҳим барои банақшагирии арзёбии БМР 2021-2025 ва ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба ин раванд арзёбӣ карда шуд.