Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба “Таҳсилати босифат” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Ҷаласаро Сафарзода Дилшод Ғанӣ - муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, вобаста ба саҳми низоми маориф дар рушди сармояи инсонӣ ва баланд шудани некуаҳволии мардуми кишвар дар марҳилаи миёнамуҳлати рушд суханронӣ намуд.
Ҳамзамон намояндаи масъули Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози ҷаласа оид ба нақши Шӯро дар амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (БМР 2021-2025) ва Ҳадафҳои рушди устувор маълулмот пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки Шӯро мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзномаи 2030 таъсис дода шудааст. Дар доираи Шӯро Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ аз рӯи 14 самтҳои муҳими афзалиятноки рушди кишвар фаъолият менамояд, ки мақсади асоси баррасии роҳҳои расидан ба ҳадаф ва вазифваҳои миллии гузошташуда мебошад.
Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлсилоти босифат, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа рунамо оид ба ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA-2025), ки метавонад барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар кишвар ва беҳбудии соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меорад муарифӣ гардид. Ҳамзамон оид ба “Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” аз ҷониби иштирокчиён мълумот пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои 125 нақшаи чорабиниҳо ва 23 индикаторҳои асосии БМР 2021-2025 масъул буда, зарур аст, ки ҳамкориро бо тамоми ҷонибҳои дахлдор густариш дода, ҷиҳати таъмини иҷрои самаранок ва саривақтии онҳо чораҳои амалӣ андешанд.
Мақсад аз баргузории ҷаласа ин ноил шудан ба ҳадаф, вазифа ва афзалиятҳои пешбинигардидаи Барномаи миёнамулати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи рушди маориф, аз ҷумла рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа муовини Вазири маориф ва илм ва намояндаи масъули Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи кориро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои дар БМР 2021-2025, СМР-2030 ва ҲРУ даъват ба амал оварданд.