25 апрели соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Бозӣ Камолиддин - Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ тибқи Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша ҳолати иҷрои арзёбии се барномаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №431 (масъул Вазорати корҳои дохилӣ)
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2020, №113 (масъул Вазорати маориф ва илм)
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №706 (масъул Вазорати нақлиёт)
Оид ба рафти иҷрои «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» аз ҷониби Бухоризода Мансур Ғоиб – Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» Ғафуриён Нурулло – Муовини Директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба «Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» Шокиров Парвиз – Сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисоди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод карда, баромад намуданд.
Аъзёни гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои барномаҳо муҳокимаронӣ намуда, саҳми худро дар иҷрои онҳо иброз намуданд.
Аз натиҷаи гузоришҳо маълум гардид, ки ҳисоботҳо тибқи талаботи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ омода намуда шудааст, вале дар он фоизи иҷрои барномаҳо аз рӯи сарчашмаи маблағгузорӣ ва аз рӯи лоиҳаҳо пешниҳод нагардидааст.
Аз ҷониби Бозӣ Камолиддин - Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ пешниҳод гардид, ки ҳисобот бо назардошти ҷадвали пешниҳод намудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба “Мониторинги иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ” такмил ва пешниҳод карда шавад.