Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми январи соли 2025 дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравии №14 оид ба маблағгузории Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои Рушди Устувори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Мониторинги Ҳадафҳои Рушди Устувор пайваста ба кӯдакон” семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Ҷаласаро Мадҷон М.М. – ҳамоҳангсози котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии кормандони мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд изҳори сипос баён намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 Рузномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 ва уҳдадориҳои байналмилалиро вобаста ба татбиқи он қабул намуд. Яке аз принсипҳои асосии ҲРУ “касеро дар канор намондан” мебошад, ки ба инобат гирифтани ҳуқуқ, манфиатҳо ва эҳтиёҷоти табақаҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус кудаконро дар назар дорад. Ҳамзамон бо назардошти 41 фоизи аҳолиро ташкил додани кудакон масъалаи баррасии семинар хеле мубрам ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас Хонум Эри Двиведи, ҷонишини намояндагии Хазинаи СММ оид ба кудакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, қайд кард ки ташкилоти мазкур дар самти баланд бардоштани некуаҳволии кудакон дар кишвар як қатор тадқиқоти муҳимро мунтазам гузаронида, вазъи некуаҳволии кудаконро дар кишвар пайгирӣ, ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти онҳо тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳад. Аз ҷумла бо пешниҳоди ин ташкилот як қатор нишондиҳандаҳои ҲРУ ҷиҳати пайгирии дастрасии кудакон ба беҳдошт барои ворид намудан ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ пешниҳод ва роҳандозӣ гардид, ки имконияти арзёбии некуаҳволии кудаконро дар самти мазкур, пешниҳод ва татбиқи чорабиниҳои мушаххасро вобаста ба он фароҳам меорад.
Дар рафти семинари омӯзишӣ аз ҷониби Мадҷон М.М. – ҳамоҳангсози котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои вобаста ба Нақшаҳо барои арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушд барои 2021-2025 ва таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои 2026-2030, коршиноси Хазинаи СММ оид ба кудакон Шукуфа Ибодова вобаста ба имкониятҳо барои пурзур намудани низом ва равандҳои мониторинги ҲРУ вобаста кудакон, коршиноси миллии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарида Муъминова оид ба ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор пайваста ба кудакон ба санадҳои стратегии кишвар ва раванди мониторинги онҳо рунамоҳо пешниҳод ва мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Сипас дар анҷоми ҷаласа вобаста ба тавсеаи фаъолияти Гуруҳи №14 чунин пешниҳод дода шуд:
- Ҷоннок намудани фаъолияти Гурӯҳи байниидоравии ҲРУ
- Ба роҳ ҳамкории фаъол бо гуруҳи кории омори Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд
- Иштироки фаъол дар машваратҳои кишварӣ ҷиҳати муаррифии дастовардҳои кишвар дар самти баланд бардоштани некуаҳволии кудакон
- Пурра намудани маълумоти нав ва ҳадафҳо барои нишондиҳандаҳои ҲРУ
- Маълумот оид ба гуруҳи байниидоравии фавти кудакон ва наврасон (IGME)
- Пурзур намудани иқтидори мақомоти давлатӣ оид ба мониторинги ҳуқуқҳои кӯдак ва ҲРУ тавассути модули омузишӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ
- Тақвият бахшидани ҳамкорӣ ҷиҳати роҳандозии Платформаи миллии пайгирии ҲРУ
Дар анҷоми семинар ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мониторинг ва арзёбии Ҳадафҳои рушди устувор ва милликунонии онҳо дар Тоҷикистон, иштироки фаъол дар раванди шарҳи Барномаи миёнмуҳлати амалкунанда ва таҳияи лоиҳаи нави барномаи минбаъда омодагӣ изҳор намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд 14 Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз рӯи ҳадафҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор фаъолият менамояд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат карда шавад: Вазорати рушди имқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Телефон: 2216408, www.developmentcouncil.tj