21 октябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байналхалқии фавқулодаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ “Маблағгузории СМР-2030 ва ҲРУ”дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассосиатсиятҳои соҳавӣ, академияи миллии илмҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа харитаи роҳ барои маблағгузории ҲРУ дар Тоҷикистон ҳадафи муайян кардани камбудиҳои маблағгузорӣ ва тадбирҳое, ки ба Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 кумак мекунанд, муаррифӣ карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа таҳлили рушди кунунӣ, заминаи иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистон ва амалҳое, ки барои сафарбар кардани захираҳои иловагии молиявӣ барои кумак ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ барои ноил шудан ба ҲРУ ва СМР то соли 2030 муҳокима шуданд.