Семинари мазкур, ки 03 майи соли 2023 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, идомаи як силсила семинарҳо барои Гурӯҳи кории No13 мебошад, ки ҷиҳати таҳияи Дастури методӣ барои мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди ҳамаи мақомоти давлатӣ. Семинари мазкур ба баррасии таҷрибаи Ҷопон дар соҳаи дастгирии методологии раванди арзёбии сиёсат, ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва формати ягонаи гузаронидани арзёбӣ дар ҷараёни татбиқи ҷории Стратегия/барномаҳои рушд бахшида шуда буд. Лекцияхо ба таври зерин шунида шуданд:
«Дастур оид ба арзёбии сиёсат дар Ҷопон» аз ҷониби профессор Хироши Ниино, мушовири JICA дар Котиботи ШМР.
- «Шарҳи раванди арзёбии иҷрои чорабиниҳои барномавӣ мутобиқи қонунгузорӣ» аз ҷониби Манучеҳраи Маҷон - сардори Сарраёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
- «Тавсифи методологии раванди (қадам ба қадам) ташаккули Хисоботи фосилави оид ба ичрои чорабинихои барномавӣ (формати чадвалхо барои мухокима)» аз ҷониби Муминова Ф.М. – мудири шуъбаи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар анҷоми семинар иштирокчиён саволҳои худро дода, инчунин пешниҳодҳо оид ба таҳияи Дастури методӣ оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд аз нигоҳи ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва формати ягонаи ташкили арзёбӣ дар раванди татбиқи ҷорӣ Стратегия/барномаҳои рушд.
Аз ҷумла, иштирокчиён ба имкони шиносоӣ бо матнҳои роҳнамо оид ба арзёбии сиёсат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон истифода мешавад, инчунин татбиқи амалии форматҳои ягонаи дар презентатсияҳо барои гузаронидани арзёбӣ барномаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҳангоми татбиқи лоиҳа пешниҳодшуда таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.