Ташаккули нақшаи ҳамаҷонибаи амалҳо (алгоритм) барои арзёбӣ дар марҳилаи лоиҳа, амалӣ ва анҷом додани Стратегияҳо ва барномаҳои рушд

Семинари мазкур, ки 01 июни соли 2023 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, идомаи як силсила семинарҳо барои Гурӯҳи кории No13 мебошад, ки ҷиҳати таҳияи Дастури методӣ барои мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди ҳамаи мақомоти давлатӣ. Семинари мазкур ба баррасии ташаккули нақшаи ҳамаҷонибаи амалҳо (алгоритм) барои арзёбӣ дар марҳилаи лоиҳа, амалӣ ва анҷом додани Стратегияҳо ва барномаҳои рушд бахшида шуда буд. Лекцияхо ба таври зерин шунида шуданд:

- Муаррифӣ дар мавзӯи «Мониторинг ва арзёбии стратегия ва барномаҳои рушди соҳавӣ дар ҳама марҳилаҳои татбиқ (дар раванди таҳия, татбиқ, ҳисобот ва ҷамъбаст) дар соҳаи энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Халифаев Манучеҳр, Вазорати энергетика ва хочагии об.

- Муаррифӣ дар мавзӯи «Мониторинги арзёбӣ барои таҳияи арзёбӣ дар ҳама марҳилаҳои пешбурди стратегияҳои соҳавӣ ва барномаҳои рушд» аз ҷониби Фарҳодӣ Умарзода, Агентии мелиоратсия ва обёрӣ.

- Муаррифии муштарак дар мавзӯи «Раванди таъмини ҳамоҳангӣ ва пайдарпайии фаъолиятҳо дар тамоми марҳилаҳои таҳия ва татбиқи Стратегия ва Барномаҳои рушд (дар асоси хулосаи хулосаҳои мобайнии асосии семинарҳо)» аз ҷониби Манучеҳраи Мадҷон – роҳбари Сарраёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Мӯъминова Фарида, мудири шӯъбаи моделсозӣ ва пешгӯии рушди иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Дар охири семинар иштирокчиён саволҳои худро дода, инчунин пешниҳодҳоро оид ба таҳияи Дастури методии мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд дар робита ба таҳияи нақшаи ҳамаҷонибаи амал (алгоритм) оид ба арзёбӣ дар марҳилаи лоиҳа, татбиқи ва анҷом додани стратегияҳо ва барномаҳои рушд.

Аз ҷумла, иштирокчиён ба таҷриба ва сабақҳои андӯхтаи раванди мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд дар сатҳи маҳаллӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Замимаҳо:
Аксҳо: