Семинари омӯзишӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор барои гурӯҳҳои кории байниидоравии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор барои гурӯҳҳои кории байниидоравии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 сентябр Котиботи Шӯрои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникӣ ва машваратии БРСММ силсила ҷаласаҳои омӯзишӣ барои 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба гузоришдиҳии ва буҷетсозии ҲРУ- ро оғоз намуд.

Силсилаи тренингҳо вобаста ба баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳҳои кории ШМР оид ба мониторинг ва ҳисоботдиҳии БМР 2025 ва ҲРУ нигаронида  шудааст.

Фаъолияти системаи пурмаҳсули мониторинг ва арзёбӣ, ки ба вазорату идораҳои масъул имкон медиҳад, ки пешрафтро дар самти ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишуда дар соҳаи рушди миллӣ самаранок назорат кунанд, инчунин дар татбиқ ва мониторинги ҳадафҳои дахлдор саҳм гузоранд, ҳадафҳо ва нишондиҳандаҳо дар соҳаи рушди устувор таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ба накша гирифта шудааст, ки дар ҷараёни тренингҳои интерактивӣ иштирокчиён инчунин таҷриба ва андешаҳои худро оид ба раванди мониторинг ва арзёбӣ барои такмили минбаъдаи воситаҳои Мониторинг ва баҳодиҳӣ мубодила кунанд.

 Инчунин ҷаласаи ҷудогона оид ба таҳияи ҳисоботи молиявӣ барои БМР ва ҲРУ гузаронда мешавад.

Чорабиниҳо бо дастгирии техникӣ ва машваратии БРСММ ташкил карда шуда,  ба таҳкими иқтидори Гурӯҳи кории ШМР оид ба ҳисоботдиҳии натиҷаҳо ва масъалаҳои маблағгузорӣ равона шудаанд.

Замимаҳо: