Ин вебинар бо мақсади баланд бардоштани қобилияти мансабдорони давлатӣ, ки барои таҳияи лоиҳа масъуланд, дар банақшагирии лоиҳаҳо бо истифода аз усули идоракунии давраҳои лоиҳа ташкил карда шудааст. Вебинар дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки лектор:
- Ҷаноби Хироши Ниино, коршиноси JICA оид ба СМР, собиқ профессор, Директори Маркази ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи Кочи. Собиқ директори генералии Департаменти омӯзиши байналмилалӣ ва иштироки шаҳрвандон, JICA. Ҷаноби Ниино дар ташаккули лоиҳаҳои зиёд ва арзёбии лоиҳаҳои JICA иштирок кардааст. Ӯ ҳамчунин роҳбари курсҳои гуногуни байналхалқии омӯзишии Донишгоҳи Кочи буд.
Мазмуни лексия:
- 5 марҳилаи банақшагирии лоиҳа
- Тарзи гузаронидани тахлили мушкилот ва тахлили объективи
- Тарзи муайян кардани сохтори лоиҳа
- Тарзи тартиб додани матритсаи тарҳрезии лоиҳа
- Тарзи навиштани нақшаи лоиҳа