Мизи муддавар дар мавзӯъҳои «Оби тоза ва беҳдошт» ва «Нерӯи тоза ва дастрас» дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравии ШМР назди ПҶТ

 Санаи 17 январи соли 2023  дар конфронстолори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқи назди Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мизи муддавар дар мавзӯъҳои «Оби тоза ва беҳдошт» ва «Нерӯи тоза ва дастрас» бо назардошти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ барои инъикос дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ баргузор гардид.

   Дар мизи мудаввар аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва доираи олимон ва коршиносони соҳавӣ, ки ба раванди таҳияи Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ ҷалб карда шудаанд, иштирок намуданд.

   Мизи мудавварро аз номи роҳбари Гурӯҳи кории байннидоравӣ Мирҷонов Қурбонали, сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои об оғоз намуда, кайд кард, ки мақсад аз чорабини дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ мизи мудаввар барраси намудани мавзӯъҳои «Оби тоза ва беҳдошт» ва «Нерӯи тоза ва дастрас» бо назардошти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ мебошад.

   Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафи дастраси ба оби тоза ва беҳдошт Ҳадафи рушди устувори (ҲРУ 6) ва нерӯи тоза ва дастрас (ҲРУ 7) пешсаф мебошад, зеро 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шуда, дар оянда Тоҷикистон бо таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои нави энергияи “сабз” метавонад ба яке аз истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони асосии манбаи барқароршавандаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа табдил меёбад.

   Тибқи барнома дар рафти мизи мудаввар ҳамоҳангсоз оид ба таҳияи ШИМ Мадҷон М.М. суханрони намуда, консепсия ва мундариҷаи шарҳро ба ҳозирин муаррифи намуд. Аз ҷумла кайд карда шуд, ки шарҳи ихтиёри миллӣ - равандест, ки кишварҳо тавассути он вазъи рушди миллӣ ва пешравиро ҳамчун ҷузъи раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамоянд. Дар раванди таҳияи Шарҳ  алоқамандии масъалаҳои оби тоза, энергетика ва саноатикунонӣ дар доираи мавзӯи васеи рушди “сабз” барои ояндаи устувор ва дурахшон мавриди омӯзиш қарор мегирад. Дар ин радиф бо мақсади  рушди “иқтисоди сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 аз 30 сентябри соли 2022, №482 қабул гардид.

        Инчунин дар рафти чорабини коршиносони соҳави Обидов Камол ва Муминова Фарида рӯнамоҳои худро дар мавзуъхои «Оби тоза ва беҳдошт» ва «Нерӯи тоза ва дастрас» бо назардошти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ барои инъикос дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ ба ҳозирин пешниҳод намуда, байни аъзои гурӯҳи кори муҳокимаи пурмуҳтаво сурат гирифт.

      Дар муҳокимарониҳо оид ба инъикоси мавзуъҳои мазкур дар Шарҳи ихтиёрии миллӣ вобаста ба мубодилаи маълумот Директори ичроияи Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, Насибахон Аминова, Сардори шуъбаи Равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, Мирчонов Курбоналӣ, сардори шуъбаи иттилооти ШСХК «Барқи Тоҷик»,  Мирзоев Иброҳим,  муовини сардори раёсати омори саноати ва сохтмони Агентии омор, Мақсудова Мунира, коршиноси соҳави оид ба масъалаҳои рушди саноат, Махкамов Баҳодур ва дигарон фаъолона иштирок ва ибрози назар намуданд.

         Дар охири мизи мудаввар хамоҳангсоз оид ба таҳияи ШИМ ба аъзои гурӯҳи корӣ барои иштирок дар кори мизи мудаввар изҳори сипос гуфта, ба сафарбар намудани  сайъу кушишҳои муштараки вазорату идораҳо, доираи коршиносони соҳавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии шарикони рушд барои ҳамкори ҷиҳати таҳияи шарҳи дуюми ихтиёрии миллии кишвар ва дар сатҳи баланди мазмунӣ ва фарогири ҷанбаҳои калидии рушди устувор ва сазовор муаррифӣ кардан дар арсаи байналмилалӣ даъват намуд.

        Бояд тазаккур дод, ки шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти дастовардҳои кишвар дар самти ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардида, дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF), ки моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Ню – Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ мегардад.

      Ҷиҳати таҳияи шарҳ тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2022, №29526 (29-6.2) аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта,  ҳайати коршиносони соҳавӣ ҷалб карда шудаанд.

      Инчунин консепсияи шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ ва нақшаи чорабиниҳои таҳияи он дар мизи мудаввар санаи 12 декабри соли 2022 муаррифӣ карда шуданд.

   Тибқи консепсия барои шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ мавзӯи васеи рушди сабзи иқтисоди миллӣ барои ояндаи устувор ва дурахшон пешниҳод карда мешавад. 

    Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.

 

Замимаҳо: