25 майи соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии вазорат Семинари омӯзишӣ оид ба мубодилаи дониш ва таҷрибаи андӯхта дар Ҷопон аз ҷониби иштирокчиёни сафари омӯзишии кишвари Ҷопон гузаронида шуд.
Семинари омӯзиширо Манучеҳра Мадҷон - Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Кайд намуданд, ки мақсад аз баргузор намудани семинари мазкур ин табодули дониш, тақвияти кадрии кормандорни вазорат дар самти мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, мукаммалсозии раванди таҳия, амалисозии стратегия ва барномаҳои рушд мебошад. Омузиши таҷрибаҳои беҳтарин аз ҷумла кишвари Ҷопон дар самти мониторинг ва арзёбӣ имкон медиҳад, ки раванди таҳияи стратегия ва барномаҳои сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ беҳтар шавад то тавонем ба ҳафдафҳои Стратегияи милли рушд то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушд барои давраи соли 2021-2025 ва Ҳафдафҳои рушди устувор расем.
Ҳамзамон Манучеҳра Мадҷон - Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯнамо оид ба “Шартҳои муҳими ташкили арзёбӣ дар раванди татбиқи чорабиниҳои барномавӣ пешкаши кормандони вазорат намуданд.
Дар раванди семинар рӯнамо вобаста ба мавзуи Такмили раванди системаи мониторинг ва арзёбии аз ҷониби Муҳаббат Маликова - Сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ пешкаши кормандон гардид. Дар ин рӯнамо мафҳумҳои мониторинг ва арзёбӣ, таърифи мониторинг, таърифи арзёбӣ, мақсади арзёбӣ, нишондиҳандаҳо, ҷонибҳои манфиатдор, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, иерархияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, такмили раванди системаи мониторинг ва арзёбӣ аз рӯи таҷрибаи Ҷопон пурра ба кормандон фаҳмонида шуд. Аз ҷониби кормандони вазорат саволҳо вобаста ба имконоти ҷори кардани таҷрибаи Ҷопон дар самти мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба такмил додани ин раванд, оё аз ҷониби ташкилотҳои хориҷи маблағгузорӣ карда мешавад, дода шуд.
Дар раванди семинар Абдуқодир Достиев - Мушовири иқтисодӣ ва оид мониторинг ва арзёбии Котиботи Шӯрои милли рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо вобаста ба Раванди пешбурди мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Аз таҷрибаи андӯхта вобаста ба давраи амалишави (PDCA) дар кишвари Ҷопон бо мисолҳои мушаххас муаррифи гардида раванди асосҳои арзёбӣ, ҳуҷҷатҳои санҷишӣ оид ба ҳадафҳои бадастомада барои ҳар як соҳа дар Ҷопон ва занҷири мантиқи дар бахши саноат фаҳмонида шуд.
Яке аз кормандони вазорат суол карданд, ки Профессорони Ҷопони кадом намуди истифодаи арзёбиро барои Ҷумҳурии Тоҷикстон маъқул донистанд. Дар охир ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас пешкаш шуд. Монеаҳо хеле зиёданд вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо вазорату идораҳо ва Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлати ин равандро тақвият мебахшанд.
Тавсияҳо аз ҷониби маърузачиён
1 муайян намудани шахсони масъул барои мониторинг ва арзёбӣ,
2 афзоиши захираҳои инсонӣ
3 шакли ягонаи ҳисобот
4 Рақамикунонӣ
5 Ҳамоҳангсозии фаъолият
6 Мубодилаи иттилоот
8 Тақвияти кадрӣ
9 Дар Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишави ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, Барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои ҳар як вазорат дар замима ҷадвалҳои мувофиқ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ барномаҳои соҳавӣ ва барномаи миёнамуҳлати рушд таҳия карда шавад.