17 ноябри соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба “ Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ ”-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Шокиров Парвиз - Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузрӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо -М. Мадҷон оғоз намуданд.
Дар раванди ҷаласа Муарифномаҳо аз ҷониби Машваратчии байналмилали ҷаноби Серҷ Картер дар якҷояги бо Шокиров Парвиз- оид ба Тартиби ташаккулёбии ва истифодаи Фонди Роҳи назди ВНҶТ муаррифи карда шуд.
Дар раванди ҷаласа қайд карда шуд, ки ҷорй намудани фондҳои роҳ муқаррар намудани принципҳои ба даст овардани даромад ва иҷрои буҷетҳои вилоятҳо ва шахрҳо дар соҳа инфраструктураи роҳро пешбинй мекунад. Дар натиҷа, ин имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати сармоягузории сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳои автомобилгард ба ҳам пайваста, масъалаҳои муҷаҳҳазгардонии техникии ташкилотҳои роҳ ва ҷорӣ намудани технологияи муосири корҳои роҳсозӣ ҳал карда шаванд, инчунин зиёд кардани базаи андози буҷетҳо дар ҳамаи дараҷаҳо.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи ШӯроимиллиирушдиназдиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонбасуроғаишаҳриДушанбе, кучаиБохтар 37 ботелефони 221-13-53 васуроғаиэлектронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиатнамоед.