2 апрели соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Бозӣ Камолиддин - Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ тибқи Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша ҳолати иҷрои арзёбии се барномаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №419); (масъул Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ)
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №52); (масъул Вазорати кишоварзӣ)
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи миёнамуҳлат оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияи онҳо ба давлат тааллуқ доранд» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2022, №547). (масъул Вазорати молия)
Оид ба рафти иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби Қурбонов Ниёз – сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» Саторова Фирӯза - сардори шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба «Барномаи миёнамуҳлат оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияи онҳо ба давлат тааллуқ доранд» Умаров Меҳрубон - муовини сардори раёсати таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод карда, баромад намуданд.
Аъзёни гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои барномаҳо муҳокимаронӣ намуда, саҳми худро дар иҷрои онҳо иброз намуданд.
Аз натиҷаи гузоришҳо маълум гардид, ки ҳисоботҳо тибқи талаботи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ омода намуда шудааст, вале дар он фоизи иҷрои барномаҳо аз рӯи сарчашмаи маблағгузорӣ ва аз рӯи лоиҳаҳо пешниҳод нагардидааст.
Аз ҷониби Бозӣ Камолиддин - Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ пешниҳод гардид, ки ҳисобот бо назардошти ҷадвали пешниҳод намудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба “Мониторинги иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ” такмил ва пешниҳод карда шавад.