16 майи соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Бозӣ Камолиддин - Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ тибқи Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша ҳолати иҷрои арзёбии се барномаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 (масъул Вазорати маориф ва илм)
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикситон барои солҳои 2021-2025» қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021, №441 (масъул Вазорати рушди иқтисод ва савдо)
- Муҳокимаи натиҷаи ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №643 (масъул Кумитаи андоз)
Оид ба рафти иҷрои «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби Сафарзода Иброхим Исмоил — Сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикситон барои солҳои 2021-2025» Шамсиддинзода Воҳид Файзиддин – Сармутаххассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинг иҷрои барномаҳои милии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» Холмирзоев Аслиддин – Сардори Шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитиаи андози назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод карда, баромад намуданд.
Аъзёни гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои барномаҳо муҳокимаронӣ намуда, саҳми худро дар иҷрои онҳо иброз намуданд.
Аз натиҷаи гузоришҳо маълум гардид, ки ҳисоботҳо тибқи талаботи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ омода намуда шудааст, вале дар он фоизи иҷрои барномаҳо аз рӯи сарчашмаи маблағгузорӣ ва аз рӯи лоиҳаҳо пешниҳод нагардидааст.
Аз ҷониби Бозӣ Камолиддин - Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ пешниҳод гардид, ки ҳисобот бо назардошти ҷадвали пешниҳод намудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба “Мониторинги иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ” такмил ва пешниҳод карда шавад.